Қуръакашии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо

Қуръакашии даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо

Футболи байналмилалӣ бармегардад. Мухлисон ва ҳаводорони футбол боз имкон доранд, ки мусобиқаи дӯстдоштаашонро тамошо кунанд.

Маросими қуръакашии Лигаи Чемпионҳо кайд доир мешавад?

Имрӯз, 10-уми июл дар кишвари Швейтсария маросими қуръакашии даври ¼ ва ½ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо баргузор мешавад. Оғози маросим соати 15:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Қуръакаширо дар куҷо тамошо карда метавонем?

Хоҳишмандон ва алоқмандони футбол имкон доранд, ки маросими қуръакашии даври ¼ ва ½ ниҳоии Лигаи Чемпионҳоро имрӯз соати 15:00 бо вақти Душанбе тариқи шабакаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” мустақиман тамошо намоянд.

 

Киҳо аллакай ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфтанд?

Ҳоло чор дастаи даври ¼ ниҳоӣ маълум шудаанд: "Аталанта", "РБ Лейпсиг", “ПСЖ” ва "Атлетико".

Боз чор ҷуфти дигар барои ин роҳҳат мубориза мекунанд:

"Челси" / "Бавария", "Наполи" / "Барселона", "Реал" / "Ман Сити" ва "Лион" / "Ювентус". Бояд гуфт, ки ин дастаҳо бозиҳои аввали хешро доир кардаанд. Баргузории бозиҳои ҷавобӣ бо иштироки ин дастаҳо 7-8 август дар назар аст.