Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё -2024 миёни мунтахабҳои то 23 сола доир шуд

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё -2024 миёни мунтахабҳои то 23 сола доир шуд

Имрӯз, 23 –юми ноябр рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 миёни мунтахабҳои то 23 сола пас аз маросими қуръакашӣ муайян шуд. Аз рӯи натоиҷи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайланд қарор гирифт.

Шашумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё -2024 миёни мунтахабҳои то 23 сола:

Гурӯҳи А: Қатар , Австралия , Урдун, Индонезия

Гурӯҳи В: Ҷопон , Кореяи Ҷанубӣ , АМА, Чин

Гурӯҳи С: Арабистони Саудӣ, Ироқ, Тайланд , Тоҷикистон

Гурӯҳи D: Ӯзбекистон , Ветнам , Кувайт , Малайзия