Қуръакашии Ҷоми ФК «Истиқлол» баргузор шуд!

Қуръакашии Ҷоми ФК «Истиқлол» баргузор шуд!

Дирӯз, 20 –уми сентябр дар меҳмонхонаи «Руми»-и пойтахт вохӯрӣ ва қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Дар маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ФК «Истиқлол» роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футболи кишвар, намояндагони бошгоҳи футболи «Истиқлол», аъзои кумитаи тадорукот ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Дар қуръакашии дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд, ки бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ гузаронида мешаванд. Сипас аз ҳар гурӯҳ 4 даста ба марҳилаи дуввум роҳ меёбанд, ки дар он 16 даста ҷуфтҳои 1/8 финалро ташкил медиҳанд. Сипас, то даври ниҳоӣ мусобиқа аз рӯи низоми «олимпӣ»   баргузор мешавад.

Дар қуръакашӣ намояндагони 23 даста ширкат карданд, аммо ҳайати ширкаткунандагон ҳанӯз ниҳоӣ нест.

Дастаҳое, ки то ҳол хоҳиши ширкат дар Ҷоми “Истиқлол”-ро изҳор накардаанд, метавонанд то соати 12:00-и рӯзи 22 сентябр ба ҳайати ширкаткунандагони мусобиқа ҳамроҳ шаванд.

Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб  бо Ҷом, медал ва ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Барандаи ниҳоии мусобиқот 30 ҳазор сомонӣ дарёфт хоҳад кард. Барандаи медали биринҷӣ бо ҷоизаи пулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад.

Маросими ифтитоҳи расмии мусобиқот ва бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ 26 сентябр баргузор мешавад.