Уругвай қаҳрамони ҷаҳон миёни мунтахабҳои то 20 сола гардид

Мунтахаби то 20 солаи Уругвай дар финали Ҷоми ҷаҳонии то 20-солаҳо Италияро шикаст дод ва қаҳрамони мусобиқа гардид. Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи Марадонаи шаҳри Ла Палатаи Аргентина дар ҳузури 38 297 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди уругвайҳо анҷом ёфт.
Ягона голро дар ин бозӣ аз ҳайати мунтахаби Уругвай дар дақиқаи 86-уми бозӣ Лусиано Родригез ба самар расонид.
Дар бозӣ барои ҷои 3-юм мунтахаби Исроил бо ҳисоби 3 бар 1 муқобили Кореяи Ҷанубӣ зафар ёфта, соҳиби нишонҳои биринҷии мусобиқа гардид.