Уругвай то ба охир мубориза бурд, лек онҳо муваффақ нашуданд!

Уругвай то ба охир мубориза бурд, лек онҳо муваффақ нашуданд!

Дар варзишгоҳи “Эл Ҷануб” бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳонии Қатар баргузор шуд. Рақибон дар гурӯҳи “H” тимҳои миллии Гана ва Уругвай буданд. 

Дар дақиқаи 20-уми бозӣ  Гана тавассути зарбаи 11-метра ба пеш баромада метавонист, аммо дарвозабон Серхио Рочет зарбаи Андре Айяро бартараф намуд.

Дар дақиқаи 26-ум Хиорян де Аррассаета ба як ҳуҷми ҳамдастагонаш нуқта гузошт. Дар дақиқаи 32-юм ин бозингари тими миллии Уругвай ба задани гол даст ёфта, бо ҳисоби 2 бар 0 Ганаро мағлуб намуд.

Уругвай чаҳор хол ба даст овард, аммо натавонист ба марҳалаи плей-оффи ин мусобиқа роҳ ёбад. Кореяи Ҷанубӣ ҳамин миқдор хол дорад, аммо дар ин се бозӣ бештар гол задааст.

Аз гурӯҳи “H” мидлипӯшони Гана ва Уругвай тарки мусобиқа карданд. Кореяи Ҷанубӣ  ва Португалия бошад, рақобатҳои худро дар Қатар идома медиҳанд.

Португалия бо Швейтсария ва Кореяи Ҷанубӣ бо Бразилия дар даври 1/8-ниҳоӣ сабқат мекунанд.