Уругвай ва Панама ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми Амрико -2024 роҳ ёфтанд

Уругвай ва Панама ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми Амрико -2024 роҳ ёфтанд

Субҳи имрӯз тими миллии Уругвай дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико-2024 бар тими миллии ИМА бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Эрроухед» доир шуд.

Голи ягонаи дидорро ҳимоятгар Матиас Оливера дар дақиқаи 66-ум ба самар расонид.

Вохӯрии дигари гурӯҳ миёни мунтахабҳои Панама ва Боливия бо ҳисоби 3 бар 1 ба поён расид.

Дар поёни марҳилаи гурӯҳӣ Уругвай бо 9 имтиёз дар чаҳоргонаи “С” аз садри гурӯҳ ба даври плей-офф рафт. Панама ҳам пас аз пирӯзӣ бо 6 имтиёз роҳашро ба марҳилаи плей-офф ҳамвор намуд. ИМА бо 4 имтиёз ва Боливия бидуни имтиёз аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.

Дар плей-офф мунтахаби Уругвай бо ҷои дуюми гурӯҳи “D” бозӣ мекунад. Панама бо ҷои аввали гурӯҳи “D” бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Амрико-2024 аз 21-уми июн то 15-уми июл баргузор мешавад. Ғолиби феълии мусобиқа тими миллии Аргентина мебошад, ки дар финали соли 2021 тими миллии Бразилияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд. Тимҳои аз ҳама унвондор Аргентина ва Уругвай мебошанд, ки ҳар кадом 15 Ҷоми Копа Амрикоро ба даст овардаанд.