US Open: Гауфф дар даври ¼-ниҳоӣ Остапенкоро мағлуб кард

US Open:  Гауфф дар даври ¼-ниҳоӣ Остапенкоро мағлуб кард

Теннисбози амрикоӣ Кори Гауфф ба даври ниманиҳоии мусобиқаи кушоди US Open роҳ ёфт. Дар бозии даври чаҳорякниҳоии мусобиқа ракеткаи шашуми ҷаҳон Кори Гауфф бар ракеткаи 20-уми ҷаҳон намояндаи Латвия Елена Остапенко бо ҳисоби 6:0, 6:2 пирӯз шуд. Вохӯрӣ 1 соату 7 дақиқа давом кард.

Барои роҳ ёфтан ба финали мусобиқаи US Open, Гауфф бо теннисбози чех Каролина Мухова бозӣ мекунад.

Мусобиқаи US Open аз 28 –уми август то 10 –уми сентябр давом мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати яккасаи занон 65 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқот ракеткаи якуми ҷаҳон намояндаи Лаҳистон - Ига Свёнтек мебошад, ки соли гузашта, дар бозии ниҳоӣ бар Онс Ҷабер аз Тунис пирӯз шуда буд.