US Open:Рекордгузории Синнер баъди пирӯзи ба Медведев

US Open:Рекордгузории Синнер баъди пирӯзи ба Медведев

Як рақобати чорякфинал ба анҷом расид, ки дар он ракеткаи панҷуми ҷаҳон,Даниил Медведев бо намояндаи Италия, Янник Синнер вохӯрд. Рақобати теннисбозон бо пирӯзии Синнер дар чаҳор сет: 6:2, 1:6, 6:1, 6:4 анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, Синнер аввалин теннисбози итолиёвӣ гардид,ки дар 10 бозии беҳтарини ATP пирӯзӣ ба даст оварад.

Илова бар ин, тавре ки “Opta Ace” хабар медиҳад, Синнер аввалин теннисбози итолиёвӣ гардид ,ки дар як мавсим ба се нимфинали мусобиқаи“Тоскулоҳи бузург” баромад.

Ёдовар мешавем, ки теннисбози итолиёвӣ дар марҳилаи навбати  бо ракеткаи 25-уми ҷаҳон теннисбози бритониёӣ Ҷек Дрейпер вомехӯрад.

“US Open” аз 26 август то 8 сентябр давом мекунад. Маблағи умумии ҷоиза дар сабқати инфиродӣ 75 миллион долларро ташкил медиҳад.Қаҳрамони феълии ин мусобиқа Новак Ҷокович аст, ки дар финали мусобиқаи соли гузашта ба Даниил Медведеви рус пирӯз шуда буд.