Усмон Тошев: “Бозӣ муқобили Қирғизистон муайянкунанда хоҳад буд”

Усмон Тошев: “Бозӣ муқобили Қирғизистон муайянкунанда хоҳад буд”

Дирӯз, 18 ноябр, дар Бишкек нишасти хабарии пеш аз бозии даври навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2022 дар гурӯҳи “F” байни тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Аввалин шуда, ба пурсишҳои рӯзноманигорон сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев ҷавоб гуфтанд. 

Дар бораи тайёрӣ ба бозӣ: 

— Мувофиқи нақша ба бозӣ омодагӣ мебинем, тамоили дигаре вуҷуд надорад. Дирӯз мо тамрин кардем ва ҳамаи бачаҳо дар ҳолати хуб қарор доранд. Мо мефаҳмем, ки бозӣ хеле ҷиддӣ, ҳатто ҳалкунанда аст. ҳам барои мо ва ҳам барои мунтахаби Қирғизистон. Ҳамаи мо инро дарк мекунем ва ба бозӣ ҷиддӣ омодагӣ мебинем. 

Дар бораи таъхири баъзе бозигарон дар Тошканд: 

— Мо вобаста ба билетҳои ҳавопаймоӣ ва раводид ба мушкилӣ дучор шудем. Боғоҷро аз мо қабул накарданд ва аз ин рӯ мо бо ҳайати нопурра парвоз кардем. Қисме аз бачаҳо омаданд ва қисми боқимонда имрӯз хоҳанд омад. Ҳеҷ ҷои ташвиш нест. Бачаҳо дар Тошканд қарор карда, он ҷо тамрин намуданд. Вақти парвоз аз Тошканд то Бишкек ҳамагӣ 45 дақиқаро ташкил медиҳад. Фикр намекунам, ки ин ҳолат ба таври ҷиддӣ ба бозӣ таъсиргузор бошад. Мо мефаҳмем, ки ин бозӣ хеле масъулиятнок аст. 

Дар бораи баланд шудани сатҳи бозии тими миллии Қирғизистон: 

— Ман ин дастаро хуб медонам. Мураббиёне, ки онро таълим медиҳанд, онҳоро низ медонам. Сатҳи бозии мунтахаби Қирғизистон на танҳо баъди вохӯрӣ бо мунтахаби Ҷопон, балки сол то сол баланд мешавад. Ман инро мебинам ва хеле хуб ҳам ҳаст. Мо низ бо японҳо бозӣ кардем ва рақобат бо онҳо ба бозии мо низ таъсир расонд. Аз ин дастаҳо як чизро омӯхтан лозим аст. 

Дар бораи пешгӯиҳои бозӣ: 

— Мо одамони корманд ҳастем ва гумон намекунам, ки ман пешгӯӣ карда тавонам. Ин кори мухлисон ва рӯзноманигорон аст. Ман баъд аз бозӣ гуфта метавонам - пеш аз бозӣ бошад, наметавонам. 

Дар бораи ҳолати майдон: 

— Албатта, ба бози таъсир мерасонад. Ман алхол онро надидам, аммо ба ман гуфтанд, ки холати майдон хуб аст. Агар майдон бад бошад ҳам ҳарду дастаҳо дар он бозӣ мекунанд ва ҳарду даста шароити якхела доранд. 

Дар бораи ғоибии муҳофизатгар Даврон Эргашев: 

— Албатта, ҳаст. Ин мунтахаби миллӣ аст, на бошгоҳ. Қаблан ҳам дарк мекардем, ки чунин шуданаш имкон дорад. Мо бачаҳоеро дорем, ки ӯро иваз карда метавонанд. 

Дар бораи бохт аз Миянмор: 

— Обу ҳаво каме таъсир кард. Аммо он бачаҳоеро, ки ман ба ҳайати аввалия шомил кардам, ба бозӣ ворид нашуданд. Ман дар бораи он бозингароне мегӯям, ки қабл аз ин бозӣ ба мо ҳамроҳ шуда буданд. Ин хел ҳолатҳо мешаванд. Онҳо аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон дода шуданд. Ягон шикоят нисбати онҳо надорам, онҳо футболбозони хубанд. Ман бозигаронро айбдор карда наметавонам, ин хатои ман аст. 

Дар бораи он ки Ҷопон ба дарвозааш гол сар намедиҳад: 

— Ҳоло бозиҳои зиёде дар пеш ҳастанд ва имконияти ба дарвозаи онҳо гол задан вуҷуд дорад. Мо дар бозӣ бо онҳо лаҳзаҳое қуллайи голзанӣ доштем, шумо низ. Дастаи Ҷопон соҳибтаҷриба аст, бозигарон дар клубҳои пурқуддрати аврупоӣ баромад мекунанд. Мо як лаҳза доштем – бозингари ҷавонамон бо дарвозабони ҷопонӣ як ба як баромад, вале гол зада натавонист. Агарчӣ чунин ҳолатҳоро бисёр вақт амалӣ мекард, дар ин ҳолат муваффақ нашуд. Пас аз бозӣ гуфт, ки дарвозабон хуб бозӣ кард. Ин як маҳорат аст. 

Дар бораи бозигарони мунтахабҳои U-17 ва U-19 Тоҷикистон: 

— Онҳо зери назорат қарор доранд. Мо онҳоро ба ин бозиҳо ҷалб карда наметавонистем, зеро онҳо дар чемпионати ҷаҳон баромад доштанд. Ҳоло бошад ба чемпионати Осиё омодагӣ мегиранд. Аз давраи оянда мо ба нақша гирифтаем, ки 3-4 бозигарро ба бозиҳои ҳайати тими миллӣ ҷалб кунем. 

Дар бораи даъватҳои ба истеъфо рафтан: 

— Ҳама чиро гуфтан имкон дорад. Ин тақдири ҳар як мураббӣ аст. Кӣ менависад? Ман намедонам. Бозиҳо идома доранд ва мо кор карда истодаем. Ҳама ба мо тарзи зиндагӣ карданро таълим медиҳанд, аммо хушбахтҳояш хеле каманд. Ҳамин ки футбол шуру мешавад, онҳоро дар канори худ намеёбем. Ҳар чӣ гуфтан мумкин аст. Кӣ менависад? Посбон менависад, таксирон менависад. Ин муқаррарӣ аст. Ана, дастаи Чин Липпии ботаҷрибаро озод кард.

Дар бораи ба даври баъдии ҶҶ -2022 баромад аз ҷои дуюми гурӯҳ:

— Ҳамеша имконият ҳаст, лозим аст, ки то даври охирин бозӣ кунем. Мо намедонем, дастаҳо дар гурӯҳҳои дигар чӣ гуна бозӣ хоҳанд кард. Ҳеҷ кас фикр намекард, ки Эрон мағлуб шавад ва ё Ӯзбекистон дар хонаи худаш шикас мехӯрад. Қирғизистон ва Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба даври баъдии марҳилаи интихобиии Ҷоми ҷаҳонро доранд.

Манбаъ: https://www.facebook.com/nurali.khorkashev