Усмон Тошев: "Моро бозии пуршиддат интизор аст"

Усмон Тошев: "Моро бозии пуршиддат интизор аст"

Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев дар нишасти хабарии пеш аз бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Малайзия ва Тоҷикистон фикру ақидаи хешро чунин баён кард.

- Аввалан миннатдории худ ва шогирдонамро барои истиқболи гарму самимии мардуми Малайзия мерасонам. Гарчанде, ки ин бозии дӯстона аст, мо бояд бар зидди рақиб хуб омода шавем ва бозии зеборо нишон диҳем. Мо имкон дорем, ки дар ин дидори дӯстона ҳайати асосиро барои бозии марҳилаи интихобӣ бар муқобили Мянма, ки рӯзи 14-уми ноябр баргузор мешавад, муайян кунем. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ин бозии дӯстона аст ва мо бачаҳоро имтиҳон мекунем, ки дар ин фурсату фосила ба бозиҳои оянда чӣ тавр омода шудаанд. Мо ҳама медонем, ки мунтахаби Малайзия яке аз тимҳои пурқуввати қора ба ҳисоб меравад. Боварӣ дорам, ки фардо моро бозии пуршиддат ва суръатнок интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстонаи мунтахабҳои Малайзия ва Тоҷикистон санаи 9-уми ноябр соати 17:45 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.