Устопириён ва Раҳимов аз идомаи Бозиҳои Осиёӣ маҳрум шуданд

Устопириён ва Раҳимов аз идомаи Бозиҳои Осиёӣ маҳрум шуданд

Имрӯз дар рӯзи сеюми 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз риштаи ҷудо Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Исроил Раҳимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) муаррифӣ карданд.

Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) дар даври аввали Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 бо 2 имтиёзи вазарӣ бар Вей Чанг ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Комроншоҳ аз Арам Григорйан аз АМА мағлуб шуда ба даври тасаллобахш рафт. Дар ин нерӯсанҷӣ Комроншоҳ бо як вазарӣ ноком шуда истода буд ва тавонист дар идома як имтиёзи вазарӣ кор карда ҳисобро баробар кунад. Лек дар идома барои вайрон кардани тартибот аз идомаи мусобиқа маҳрум карда шуд.

Ҷудокори дигари тоҷик Исроил Раҳимов (-100 кг) дар даври аввали Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз Баймурат Маҷанови туркман мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов бо мағлуб кардани Ли Руйхуани чинӣ дар даври чаҳорякниҳоӣ ба даври ниманиҳоӣ баромад.

Ҳамин тавр, барои Исроил Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён мусобиқа бидуни натиҷа анҷом ёфт. Темур Раҳимов дар даври ниманиҳоӣ рақобатро идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.