Устураҳои “Реал Мадрид” дар Мексика “Барселона”-ро шикаст доданд

Устураҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” дар Мексика бозӣ карданд. Бозӣ бо ғалабаи “Реал Мадрид” хотима ёфт.
Дар дақиқаи 10-уми бозӣ пас аз қоидавайронкунӣ муқобили Савиола довар ба дарвозаи “Реал Мадрид” пеналтӣ таъйин кард. Ривалдо пеналтиро ба гол табдил дода натавонист.
Дар дақиқаи 18-уми бозӣ Фигу ҳисобро ба фоидаи “Реал Мадрид” боз кард. Дар дақиқаи 21-уми бозӣ Марсело голи дуюмро ба дарвозаи “Барселона” зад ва голашро бо усули Криштиану ҷашн гирифт.
Карлес Пуйол дар дақиқаи 31-уми бозӣ аз ҳайати “Барселона” гол зад. Дар дақиқаи 35-уми бозӣ Савиола ҳисобро баробар намуд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Дар зарбаҳои пеналтӣ афсонаҳои "Реал" дақиқтар буданд. Хуан Карлос Родригес аз пеналтии ҳалкунанда ба дарвозаи каталониҳо гол зад ва бо ҳисоби 8 бар 7 дастаи шаҳри Мадрид пирӯзӣ ба даст овард.