Устураи футболи тоҷик Валерий Турсунов даргузашт

Устураи футболи тоҷик Валерий Турсунов даргузашт

Дар шаҳри Москва, дар синни 72-солагӣ устураи футболи тоҷик, ҳамлагари машҳури дастаи «Помир»-и Душанбе Валерий Юлдошевич Турсунов аз олам даргузашт.

Валерий Турсунов тамоми фаъолияти худро солҳои 1974-1988 дар лигаи якуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати «Помир» (Душанбе) сипарӣ намуд. Ӯ дар 542 бозӣ ба майдон баромада, 173 гол ба самар расонидааст.

Ҳамчунин дар ҳайати бошгоҳҳои австриягии «Аустрия» ва «Клопайнерзее» низ ҳунарнамоӣ кардааст.

Солҳои 1996-2013 бо танаффус дар вазифаи ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият намуда, дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Номи Валерий Юлдошевич Турсунов ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи футболи тоҷик ҳамеша дар хотири мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш боқӣ хоҳад монд.

МД ТВ «Варзиш» ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардии самимии худро изҳор менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ситораи футболи тоҷик Валерий Турсунов, ки дирӯз дар синни 72-солагӣ даргузашт, дар Душанбе ба хок супорида мешавад. Ҷанозаи марҳум, фардо, 4 август, дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе (масҷиди нав) соати 13:00 баргузор мегардад.