Устураи ҷудои тоҷик Комроншоҳи Устопириён корномаи варзишиашро ба анҷом расонид
Паҳлавони соҳибноми тоҷик Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) корномаи варзишиашро ба анҷом расонид. Бозиҳои олимпии Париж-2024 охирин мусобиқа дар корномаи ин ҷудокори соҳибноми тоҷик буд.
Умри ҷавониямро фидои варзиш ва парафшонии парчами Тоҷикистон кардам
Комроншоҳи Устопириён 7-уми январи соли 1993 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст ва онро соли 2015 хатм кардааст. Аз базки падар Усто Устопиров ва бародар Фаридун Устопиров варзишгар буданд, Комроншоҳ низ ба пайроҳаи онҳо рафт ва аз хурдӣ ҳамвора дар толорҳои варзишӣ онҳоро ҳамраҳӣ мекард.
Комроншоҳи Устопириён дар хурдӣ борҳо ғолиби мусобиқаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз риштаи гӯштин буд. Ҳатто дар синни хурдсоли дар мусобиқаҳои берун аз Тоҷикистон дар ҳамсоякишварҳо рафта иштирок мекард ва бо зинаҳои фахрӣ ба ватан бармегашт.
Устопириён то соли 2012 дар варзиши самбо гӯштингирӣ мекард ва аз он пас ба варзиши ҷудо рӯй овард. Мураббии аввалини ӯ падараш — Устопир Устопириён буда, баъдтар бародараш Фаридун Устопириён ӯро машқ додааст. Дар идома Комроншоҳ бо роҳбарии Владимир Елчанинов тамринҳояшро идома додааст. Комроншоҳ дорандаи унвони «Устоди варзиши байналмилалӣ» аст.
Аввалин қаҳрамони Осиё дар Тоҷикистон
Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён давоми фаъолият дар намуди варзиши самбо (5 маротиба), гӯштини қазоқӣ (1 маротиба) ва гӯштини кураши ӯзбекӣ (1 маротиба), дар маҷмуъ 7 маротиба чемпиони ҷаҳон гардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки Комроншоҳи Устопириён аз 3-солагӣ тамринро оғоз карда, аввал ба гӯштини самбо ва баъдан ба ҷудо машғул гардид. Дар намуди варзиши самбо Комроншоҳ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ расидааст. Ӯ соли 2013 нишони нуқраи Бозиҳои Универсиада аз ришаи самборо соҳиб шуд. Соли 2013 дар Чемпионати ҷаҳон аз риштаи кураш дар Туркия ба гирифтани медали тилло ноил шуд. Соли 2014 аз намуди кураши қазоқӣ дар Русия барандаи нишони тилло гардид. Аз риштаи самбо соли 2013 дар Санкт-Петербурги Русия соҳиби нишони биринҷӣ шуд. Соли 2016 дар Софияи Булғористон аз намуди самбо ба гирифтани нишони биринҷӣ мушарраф шуд. Комроншоҳ дар шаҳри Нови – Сади Сербия соли 2020 аз риштаи самбо нишони биринҷии дигарро соҳиб гардид. Ҳамчунин, Комроншоҳ аз намуди самбо ду маротиба байни наврасон ва ду маротиба байни ҷавонон чемпиони ҷаҳон гардидааст. Инчунин як маротибаи дигар байни ситорагони самбо соли 2013 дар Ӯзбекистон ғолиб омадааст.
Шоҳкориҳо дар пайроҳаи ҷудо
Комроншоҳ аз соли 2012 ба гӯштини ҷудо машғул шуда, то имрӯз барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон заҳматҳо кашидааст. Дар ҷудо низ 4 маротиба ғолиби Гран При, 2 маротиба чемпиони Осиё гардидааст, ки дар таърихи гӯштини ҷудои ватанамон он бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Устопириён дар мусобиқаҳои Гран Прии сайри ҷудои ҷаҳон медалҳои биринҷиро соли 2013 дар Алма-Атои Қазоқистон , соли 2013 дар Тошканди Ӯзбекистон , соли 2019 дар Анталияи Туркия ва соли 2022 дар Португалия соҳиб шудааст. Мавсуф медалҳои нуқраро соли 2015 дар Тошканди Ӯзбекистон, соли 2017 дар Анталияи Туркия ва соли 2021 дар Абу-Дабии АМА ба даст овард. Медалҳои тиллои Комроншоҳ дар мусобиқаҳои Гран-При соли 2014 дар Остонаи Қазоқистон, соли 2017 дар Тошканди Ӯзбекистон, соли 2018 дар Анталияи Туркия ва соли 2023 дар Душанбеи Тоҷикистон ба даст омадааст.
Дар мусобиқаи кушоди Осиё солҳои 2014 ва 2015 дар Тайбеи Чин паҳлавони мо Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани нишони нуқра ноил гардид. Солҳои 2013 ва 2016 Комроншоҳ дар мусобиқаи кушоди Аврупо дар Киеви Украина ва Мински Белоруссия соҳиби нишони тилло ва биринҷӣ шуд.
Дар мусобиқаҳои Чемпионати Осиё ҷудокори мо Комроншоҳи Устопириён соли 2015 дар Кувайт нишони биринҷӣ, дар Тошканд соли 2016 нишони тилло, соли 2017 дар Тошканд нишони тилло, дар Эл-Фуҷайра соли 2019 нишони биринҷӣ ва соли 2021 дар Бишкеки Қирғизистон медали биринҷиро соҳиб шудааст. Ҳамчунин, Комроншоҳ соли 2022 дар Қунияи Туркия дар Бозиҳои Осиёӣ ба гирифтани нишони нуқра мушарраф гардидааст. Дар Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ дар Ҷакарта соли 2018 паҳлавони мо ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфта буд.
Охирин мусобиқае, ки Комроншоҳ ба гирифтани медал ноил шуда буд, ин мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 аст. Дар ин мусобиқа ҷудокори 31 солаи мо ба гирифтани нишони тилло даст ёфта буд.
Ҳамин тавр, Комроншоҳ аз соли 2012 инҷониб ҳамасола дар қатори даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой гирифтааст.
Тарбияи насли наврас баҳри рушди варзиши тоҷик
Комроншоҳи Устопириён дар баробари варзишгари муваффақ буданаш инчунин ба тарбияи насли наврас низ машғул аст. Ӯ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо падар ва бародараш толори “Ланглиф” дорад ва онҷо ба наврасон аз риштаи ҷудо ва самбо тамрин медиҳад. Шогирдони сулолаи Устопировҳо борҳо аллакай дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берунӣ ба гирифтани дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.
Ҳоло ҳам пас аз анҷоми корномаи варзишӣ Комроншоҳ пурра таваҷҷӯҳро ба тарбияи насли наврас карда, бештари вақти худро дар толори варзишии “Ланглиф” паси сар мекунад.
Анҷоми корнома ва ғуруби ситораи пурҷилои ҷудои тоҷик
Комроншоҳи Устопириён аз зумраи варзишгарони муваффақи тоҷик маҳсуб шуда, бори сеюм мешавад, ки дар Олимпиада ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар риштаи ҷудо зери вазни то 90 кило соли 2016 дар Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро , соли 2021 дар Бозиҳои Олимпии Токио -2020 ва соли 2024 дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳунарнамоӣ кардааст.
Пас аз нокомӣ дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусоҳиба бо телевизиони “Варзиш” дар шаҳри Париж бо ашкҳои шашқатор аз анҷоми корномааш хабар дода, зикр кард, ки “Ман умри ҷавонамро на ба зодрӯзҳо, на ба кӯчагардиҳо ва на ба тӯю маъракаҳо гузаронидам, балки шабу рӯз фикри Ватану миллатро кардам! Ҳамеша аз хурдӣ то ба имрӯз кӯшиш кардам, ки тамрин кунам, меҳнат кунам ва парчами Тоҷикистонро боло бардорам. Имрӯз ман аз анҷоми корномаи варзишиам хабар медиҳам. Ман имрӯз аз мардуми тоҷик узр мепурсам, ки дар Бозиҳои олимпӣ парчами Тоҷикистонро боло бардошта натавонистам. Бо ҳазору як орзу ба Париж омада будам, лек нашуд. Ташаккур ба ҳама мухлисон ва мардуми сарбаланди кишварам”!
Устопириён ба ҳайси як устураи варзиши тоҷик бо ҳунарнамоиҳои ҷолибу ҷаззоб дар майдонҳои бузург, бо шоҳкорию таърихсозиҳо дар дили мардуми тоҷик ҷойгирифт ва исмашро дар таърихи варзиши тоҷик ҳаккокӣ намуд.
Ин ҳама талошу таърихсозиҳои Комроншоҳ шоистаи ин аст, ки маросими поён додан ба корномаи варзишии ӯ дар сатҳи расмӣ баргузор шавад ва қадрдоние дар шаън ва сатҳи ӯ баргузор гардад. Ӯ арзиши ин ҳамаро дорад.