"Вахш"-"Хатлон"-"Вахш": даста ба номи таърихии худ баргашт

"Вахш"-"Хатлон"-"Вахш": даста ба номи таърихии худ баргашт

Бо Қарори раиси шаҳри Бохтар номи Муассисаи давлатии дастаи футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ба  Муассисаи давлатии дастаи варзишии футболи “Вахш” тағйир дода шуд.

Бояд қайд кард, ки 6 сол қабл - соли 2018 зимни ислоҳоти шакли даста аз “Ташкилоти ҷамъиятӣ” ба “Муассисаи давлатӣ” номи даста аз “Вахш” ба “Хатлон” иваз шуда буд.

Даста соли 60-уми асри гузашта таъсис ёфта, бо номи “Вахш” дастоварду шуҳрати зиёд дорад.

- Финалисти Ҷоми Президенти КФО;

- 3 маротиба Чемпиони Тоҷикистон (1997,2005,2009);

- Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон (2004);

- 4 маротиба барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон (1992,2006,2007, 2010);

- 2 маротиба барандаи Ҷоми Тоҷикистон (1996/97, 2003);

- 2 маротиба финалисти Ҷоми Тоҷикистон (2002, 2005);

- Финалисти Суперҷоми Тоҷикистон (2010);

- Ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии Ҷоми Рустам Далтабоев (2010)

Дастовардҳои даста зери номи “Хатлон”:

- Финалисти Ҷоми Тоҷикистон (2020)

- Финалисти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (2021)

-Ғолиби Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (2022)

Бо иваз гардидани номи даста, нишонии он ҳам тағир дода шуд.