Валварде сармураббии нави “МЮ"

Валварде сармураббии нави “МЮ"

Собиқ сармураббии дастаи бошгоҳҳои «Барселона» ва «Атлетик» Эрнесто Валварде шояд роҳбарии дастаи “МЮ”-ро ба зимма гирад. Дар ин бора The Guardian хабар додааст. Дар сурати пайдо нашудани муддаии беҳтар испанӣ ба «Олд Траффорд» меравад. Ҷонибҳо аллакай ба мувофиқа расидаанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки муддаии асосӣ дар ин мақом сармураббии дастаи “ПСЖ” Маурисио Почеттино ба шумор меравад.

Бо вуҷуди ин Почеттино ба наздикӣ гуфт, ки ӯ аз ҳама чиз дар Париж қаноатманд аст. Валверде соли 2020 аз курсии сармураббигии дастаи “Барселона” барканор шуда буд.