Ван Дейк бо "Ливерпул" тамдиди шартнома мекунад
Бошгоҳи "Ливерпул" мехоҳад шартномаи кориро бо ҳимоятгари 33-сола нидерландӣ Вирҷил ван Дейк тамдид кунад. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Скира дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, футболбози нидерландӣ мехоҳад, ки шартномааш то соли 2027 тамдид шавад. Шартномаи феълии кории ван Дейк бо бошгоҳ то тобистони соли 2025 амал мекунад.
Ҳимоятгари мазкур аз соли 2018 дар ҳайати “мерсисайдиҳо” бозӣ намуда, дар ин муддат дар 276 бозӣ ширкат кард ва 24 голу ва 12 партофти головар дар номаш дорад. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt арзиши бозории ин футболбоз 30 миллион евро аст.