Ван Нистелрой ҳоло дар 3 бозии дигар, “МЮ”-ро роҳнамоӣ мекунад
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии «Манчестер Юнайтед» - Руд ван Нистелрой се бозии дигар тимро роҳнамоӣ мекунад. Дар ин бора Daily Mail хабар додааст.
Клуб аллакай бо сармураббии нав мувофиқат кардааст. Он аз «Спортинг» Рубен Аморим хоҳад буд.
Аммо гуфта мешавад, ки мутахассиси португалӣ танҳо пас аз 3 бозӣ ба симати сармураббигии тими шаҳри Манчестер меояд, ки он ба нимаи моҳи ноябр рост меояд. То он вақт, мутахассиси нидерландӣ вазифаи худро иҷро мекунад.
Аморим шашумин мураббии “Манчестер Юнайтед” пас аз ба истеъфо рафтани сэр Алекс Фергюсон дар соли 2013 мешавад.
Интизор меравад, ки “Манчестер Юнайтед” барои Аморим дар як мавсим 9,2 миллион фунт (11 миллион евро) пардохт кунад.
Ёдовар мешавем, ки “Девҳои сурх” дар аввалин бозӣ зери роҳнамоии Руд ван Нистелрой муқобили “Лестер” бо ҳисоби 5 бар 2 ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Лигаи Англия роҳ ёфтанд.
Дар ин марҳилаи рақиби “Манчестер Юнайтед” тими “Тоттенҳэм”-и шаҳри Лондон хоҳад буд, ки бар “Манчестер Сити” дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ ғалаба карда буд.