VAR бар муқобили "Ливерпул" баромад

VAR бар муқобили "Ливерпул" баромад

Дар доираи бозии даври панҷуми чемпионати Англия бошгоҳҳои "Эвертон" ва "Ливерпул"-и шаҳри Ливерпул андари майдони рақобат шуданд.Дидори мазкур дар варзишгоҳи "Гудисон Парк"-и шаҳри Ливерпул доир гардида, бо натиҷаи 2: 2 хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 3-юми дидор ҳуҷумкунандаи меҳмонон Садио Мане аз фурсати ба амаломада истифода бурда, ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 6-уми бозӣ дарвозабони тими "Эвертон" Ҷордан Пикфорд ба муқобили дифоъгари бошгоҳи "Ливерпул" Вирҷил ван Дейк қоидаи бозиро вайрон кард. Довари бозӣ Майкл Оливер қарор баровард, ки дифоъгари тими "Ливерпул" дар ҳолати нобозӣ қарор дошт ва зарбаи ҷаримавӣ таъин кард. Ҷабрдида Вирҷил ван Дейк кӯшиш кард, ки ба майдон баргардад, аммо натавонист ва дар дақиқаи 11-уми бозӣ ба ҷои ӯ Ҷо Гомес ба майдон баромад.

Дар дақиқаи 19-ум Майкл Кин ҳисобро баробар кард. Бо натиҷаи мусовӣ дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар қисми дуюми бозӣ шогирдони Клопп дубора пешсаф шуданд. Дар дақиқаи 72-юми бозӣ Муҳаммад Салоҳ бо зарбаи мустақими хеш дарвозаи Пикфордро рахна кард. Дар дақиқаи 81-уми бозӣ ҳуҷумкунандаи 23 солаи мизбонон Доминик Калверт-Левин ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 90-уми дидор ҳуҷумкунандаи дастаи "Эвертон" Ричарлисон корти сурхи мустақим гирифт.Дар дақиқаи 92-юм ниммуҳофизатгари дастаи "Ливерпул" Ҷордан Ҳендерсон голеро зад, ки пас аз тамошои VAR бекор карда шуд. Бошгоҳи " Эвертон" бо як имтиёзи ба даст овардааш бо касби 13 имтиёз пешгоми ҷадвали ПЛА мебошад. Шогирдони Клопп бо доштани 10 имтиёз таъқибкунандаи асосии шогирдони Анчеллоти мебошанд.