Варан ҷойгузини Алаба дар “Реал” мешавад...
Роҳбарияти бошгоҳи «Реал Мадрид» имконияти бозгардонидани дифоъгари «Манчестер Юнайтед» - Рафаэл Варанро, ки пештар дар сафи «бланкос» баромад мекард, баррасӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи испании El Larguero дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter) хабар медиҳад.
Ба иттилои сарчашма иштиёқи тими шаҳри Мадрид нисбати Варан баъди ҷароҳати Давид Алаба зиёд шудааст.
Ёдрас мекунем, ки Варан дар масири даҳ сол бозигари «Реал» буд: аз соли 2011 то соли 2021. Дар ин даврон дифоъгари фаронсавӣ дар 360 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, 17 голу 7 партофти голӣ ба омор гирифтааст. Варан бо ҷониби дастаи "Реал" ғолиби чоркаратаи Лигаи чемпионҳо, се маротиб ғолиби чемпионати Испания шуда, ҳамчунин як маротибаи дигар Ҷоми Испания шудааст.