Варзишгар зери чархи мошин монд

Варзишгар  зери чархи мошин монд

Дар марҳилаи навбатии пойгаи велосипедронии Ҷиро д'Италия, велосипедрони белгиягӣ ба садамаи ғайриоддӣ дучор шуд. Ҳодисаи мазкур рӯзи 13 май дар марҳилаи шашуми пойгаи бисёррӯзаи велосипедрони Италия рух додааст. Ронандаи мошини бо сабаби номаълум, фурсатро суст карда натавонист ва велосипедрони 32-солаи белгия Питер Серриро аз қафо зад.

Варзишгар афтод ва муддате дар болои асфалт хобид, аммо баъд аз ҷой бархост ва пойгаро идома дод. Дар бораи захмӣ шудани велосипедрон ҳанӯз маълумот дода нашудааст.