Варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд

Варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд

Илёсиддин Тешаеви 17-сола, зодаи шаҳри Исфара, дар чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди панкратион, ки дар кишвари Италия баргузор шуд, пирӯз омад. Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 15 - 17 ноябр дар шаҳри Рим баргузор шуд ва варзишгари тоҷик дар вазни 65 кило бар се ҳарифаш пирӯз омада, унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард. Аз соли 2016 то кунун борҳо дар мусобиқоти гуногуни муҳорибаи тан ба тан ва панкратион дар Ҳавзаи Марказии Федеролӣ, вилоятҳои Липетск, Воронеж ва Тамбов унвони қаҳрамониро гирифтааст. Моҳи сентябри соли равон мусобиқоти Ҷоми Россия аз рӯи панкратион мақоми авввал ва унвони номзад ба устодии варзишро соҳиб шуд ва узвияти дастаи мунтахаби Россияро ба даст овард.