Варзишгарон ба ҳавз баргаштанд

Варзишгарон ба ҳавз баргаштанд

Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об” аз соли 1962 инҷониб фаъолият мекунад ва яке аз мактабҳои муҳими пойтахт дар самти омӯзиши шиноварӣ маҳсуб мешавад. Бо дастгирии шаҳрдорӣ солҳои охир ин даргоҳи варзишӣ низ ободу зебо гашта, ба макони дӯстдоштаи кӯдакон табдил ёфтааст.

Директори “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об” - Табаров Муҳаммаддилкушод мегуяд бо сабаби пайдо шудани бемории сироятии оламгир мо як моҳи мавсими худро аз даст додем, аммо хушбахтона бовуҷуди ин мушкилӣ ба тамрин баргаштем, ки ин ҳам як дастоварди хуб аст. Феълан беш аз 130 варзишгар ба тамрини шиноварӣ ҷалб шудаанд ва ҳамарӯза дар ҳавзи Мактаб барои баланд бардоштани маҳорат ва ҳолати ҷисмонии хеш машқ мекунанд.

Фасли тобистон барои дастпаварони мактаби шиноварӣ авҷи мавсим номида мешавад. Маҳз дар ин вақту замон тамринҳо ҷоннок карда мешаванду мусобиқаҳо зиёд доир мешаванд. Солҳои охир мусобиқаи шиноварӣ дар фасли зимистон низ гузаронида мешавад, ки чунин имкониятҳро ҳавзҳои шиноварии болопӯшида фароҳам овардааст. Ба гуфти мураббиён ва варзишгарони таҷрибадор дар ҷаҳор фасли сол гузароиндани мусобиқаҳои шиновариро 10 сол қабл ҳатто касе ҳам дар ёд надошт. Тамринҳои дастпаварони Муассисаи мазкур чӣ дар толори варзишӣ ва чӣ дар ҳавзи шиноварӣ бо ҷалби беш аз 6 мураббии кордон роҳандозӣ мешавад.

Дар баробари баланд бардоштани маҳорат ва нишондоди варзишгарони касбӣ, ҳамчунин мактаби мазкур дар омӯзиши шиноварии кӯдакону наврасони пойтахт ва меҳмонон низ саҳми назаррас дорад. Маҳз дар ин макон насли наврас бори аввал шино карданро меомӯзанд, ки барои ҳар як фард ҳунари шиноварӣ муҳим ва зарурӣ дониста мешавад.