Варзишгарони тоҷик дар 17-уми Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ иштирок мекунанд
Имрӯз, 6-уми декабри соли 2024 Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо варзишгарони шиновар мулоқот кард. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Шиноварони тоҷик дар 17-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ аз 10-ум то 15 –уми декабри соли 2024 дар шаҳри Будапешти Маҷористон иштирок менамоянд.
Рамазон Раҳимзода варзишгаронро барои омодагии ҷиддӣ дидан ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбӣ дар ин чорабинии муҳими варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ҳидоят намуда, ба ҳамаи онҳо барору комёбиҳо таманно кард.
“Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони кишварамон дар чорабинии варзишии мазкур лоиқу сазовор баромад намуда, бо ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ номбардори кишвару Ватани хеш мегарданд.”