Варзишгоҳи «Регар-ТадАЗ» аз ҳаққи баргузории як бозӣ маҳрум гардид

Варзишгоҳи «Регар-ТадАЗ» аз ҳаққи баргузории як бозӣ маҳрум гардид

Барои амали номатлуби мухлисон, ашёҳои бегонаро ба майдон партофтан, варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» – «ТАЛКО-Арена» аз ҳаққи баргузории як бозӣ маҳрум карда шуд. Чунин ҳукм дар ҷаласаи навбатии Кумитаи назорату интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз, 17 май, таҳти раёсати Тоҳир Нурзода баргузор шуд, бароварда шуд.



– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ифода ёфтааст, дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» (15 май), варзишгоҳи хонагии дастаи «Регар-ТадАЗ» – «ТАЛКО-Арена» барои як бозӣ аз мизбонӣ маҳрум гардид. Тибқи тақвим, «Регар» ТадАЗ бояд бозии навбатии хонагии худро дар варзишгоҳи бетараф, ки ба талаботҳои ЛФТ барои дастаҳои лигаи олӣ ҷавобгӯ бошад, баргузор кунад. Илова бар ин, дастаи «Регар-ТадАЗ» ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 6 банди 18-и Кодекси интизомии ФФТ, баҳри ба майдон барои муноқиша бо масъулин ворид шудан ифода ёфтааст, дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» (15 май), дастаи «Регар-ТадАЗ» ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи Низомномаи мусобиқа дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» (7 май) ифода меёбад, тими «Файзканд» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 28.1-и Кодекси интизомии ФФТ, ки бо рафтори хашмгин дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хатлон» – «Истиқлол» (12 май) зоҳир шудааст, бозигари тими «Хатлон» Хайриддин Тӯрахонов аз ҳаққи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гуфтани сухани қабеҳ нисбат ба рақиб дар бозии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ миёни бошгоҳҳои КМВА – «Эсхата» (14 май) ифода шудааст, бозигари тими КМВА Иззатулло Рӯзиев аз ҳуқуқи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 250 сомонӣ ҷарима шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ (ашёҳои бегона ба майдон партофтан ва ба майдон даромадани мухлисон) дар мусобиқаи Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Истаравшан» (15 май), дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

Сарчашма: Федератсияи футболи Тоҷикистон