Верраттии нав дар "ПСЖ"

Верраттии нав дар "ПСЖ"

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи "ПСЖ" Эдуард Мишу дар қора яку якбора бо ҳунарнамоияш топ дастаҳои Аврупоро ба худ ҷалб кард.

Мувофиқи иттилоъи Sport.es. ба бозингари 17 сола бошгоҳи "Барселона" соли гузашта мароқ зоҳир карда буд. Инчунин дар ин замон ба ин бозингар дастаҳои "Манчестер Сити", "Ювентус" ва "Валенсия" таваҷҷуҳ пайдо кардаанд ва талоши ба даст овардани ӯро доранд.

Директори варзишии дастаи "ПСЖ" Леонардо аллакай бо ин бозингар мехоҳад қарордоди расмӣ ба имзо расонад. Дар Фаронса Мишуро -Вераттии нав мегӯянд. Марко Верраттии итолиёви дар ҳайати дастаи "ПСЖ" ҳунарнамоӣ мекунад ва бозингари ҳуҷумкор маҳсуб меёбад.