«Вест Хэм» мавқеи ҳамшаҳриёнашро танг мекунад

«Вест Хэм» мавқеи ҳамшаҳриёнашро танг мекунад

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми Премйер-лигаи Англия «Вест Хэм Юнайтед» тими «Норвич Сити»-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Лондон баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.

Голҳои дастаро ҳамлагар Ҷаррод Боуэн дар дақиқаҳои 42-юм ва 85-ум ба самар расонд.

“Вест Хэм Юнайтед” бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи 4-ум баромад. Ҳоло дастаҳои дигари шаҳри Лондон “Арсенал” ва “Тоттенҳэм Хотспур” дар зинаҳои 5-ум ва 6-ум қарор доранд. “Норвич Сити” бо 10 хол дар ҷойи охирин, 20-ум аст.