Видал «Барселона»-ро тарк кард

Видал «Барселона»-ро тарк кард

Нимҳимоятгари чилигии дастаи "Барселона" – Артуро Видал ҳайати дастаро тарк кард. Дар ин бора расонаи Marca хабар дод. Рӯзнома навиштааст, ки рӯзи 14 сентябр футболбоз шартномаро бо бошгоҳи каталонӣ лағв кард. Видал субҳи имрӯз ба пойгоҳ омада, чизҳояшро гирифт ва бо ҳамдастаҳои собиқи худ хайрухуш кард. Нимаи дуюми имрӯз бошад, Видал ба шаҳри Милан сафар хоҳад кард ва ҳамин тариқ, ӯ ҳамчун футболбози озод ба бошгоҳи "Интер" мепайвандад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Видал аллакай дар бораи шартнома бо "Интер" мувофиқа кардааст. Музди солонаи ӯ ба истиснои мукофотпулӣ 6 миллион евро хоҳад буд. Мӯҳлати шартномаи ҳамкорӣ то соли 2022 бо имкони тамдид намудани як соли дигар эътибор хоҳад дошт. 

Видал аз соли 2018 инҷониб шарафи "Барселона"-ро ҳимоя мекунад ва қабл аз ин дар дастаҳои "Бавария", "Ювентус", "Байер Леверкузен" ва "Коло-Коло" бозӣ кардааст. Футболбоз сар аз соли 2007 ба дастаи мунтахаби Чилӣ даъват карда мешавад.