Виктор Рассадин дар марҳилаи нимниҳоии Чемпионати Осиё дар Бишкек

Виктор Рассадин дар марҳилаи нимниҳоии Чемпионати Осиё дар  Бишкек

Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод дар Бишкек паҳлавони мо Виктор Рассадин то ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Виктор Рассадин зери вазни то 74 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11:0 намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Сангҳо Ҳанро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо гӯштингирӣ қирғиз Канат Керимбеков нерӯсанҷӣ кард.

Дар ин марҳила гӯштингирӣ мо фаъол буд ва тавонист, ки Канат Керимбекови мизбонро бо ҳисоби 9:0 мағлуб карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбад.

Дар даври нимниҳоӣ Рассадин бо намояндаи Туркманистон - Арслан Бегенҷов гӯштин мегирад.