Виктор Рассадин медали 50-уми Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои Осиёӣ соҳиб шуд
Паҳлавони тоҷик Виктор Рассадин дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аз гӯштини тарзи озод ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил гардид. Ин медали 50-уми Тоҷикистон дар таърихи Бозиҳои Осиёӣ ба ҳисоб меравад.
Гӯштингири мо рақобатҳоро дар вазни то 74 кг дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ оғоз намуд. Дар рақобати аввал Рассадин бар Муҳаммадрасул Шаҳбан аз Баҳрайн бо ҳисоби 3:2 ғолиб омада, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин марҳила паҳлавони мо аз намояндаи Ҷопон – Ёсиносуке Аояги бо ҳисоби 10:0 мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Виктор бо ҳисоби 10:0 ғалабаро бар Гиланг Илхаза аз Индонезия ба даст оварда, барои медали биринҷӣ муборизаро идома дод.
Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Виктор Рассадин бо ҳисоби 4:3 намояндаи Қирғизистон – Орозобек Токтомамбетовро шикаст дод ва барои Тоҷикистон медали биринҷии навбатиро соҳиб шуд.
Қобили зикр аст, ки корвони варзишии Тоҷикистон то имрӯз дар мусобиқаи мазкур соҳиби 2 медали тилло, 5 нуқра ва 9 медали биринҷӣ шудааст. Бо чунин натиҷа Тоҷикистон дар ҷадвали медалҳо зинаи 22-юмро ишғол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки медалҳои тиллоро аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров (60 кг), Отабек Раҷабов (65 кг), медалҳои нуқраро Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта, Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) аз намуди ҷудо, Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) аз риштаи гӯштини тарзи озод, Шакармамад Мирмамадов (+90 кг) бо Ёсин Бобокалонов (-66 кг) аз намуди кураш ва медалҳои биринҷиро Махсатулло Муъминов (55 кг) аз риштаи карате-до WKF, Акмал Убайдов (60 кг) бо Парвиз Каримов (90 кг) аз намуди бокс , Сарвар Абдушукуров (-66 кг) аз риштаи кураш, Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) аз намуди ҷудо ва Виктор Рассадин (74 кг) бо Айаал Белолюбский (57 кг) аз намуди гӯштини тарзи озод соҳиб шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 50 медал гирифтааст, ки 8 медали тилло, 12 медали нуқра ва 30 медали биринҷӣ мебошад.