Виктор Рассадин ноибқаҳрамони Осиё шуд! Ин муваффақият ба ӯ чӣ гуна даст дод?

Рассадин дар роҳ ба финали мусобиқа дар даври аввал бо ҳисоби 11:0 намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Сангҳо Ҳан, дар даври чаҳорякниҳоӣ гӯштингирӣ қирғиз Канат Керимбеков бо ҳисоби 9:0 ва дар даври нимниҳоӣ намояндаи Туркманистон - Арслан Бегенҷовро бо ҳисоби 14:4 пеш аз муҳлат шикаст дод.
Моҳи декабри соли 2023 Виктор Рассадин шаҳрвандии варзишии Тоҷикистонро гирифт. Дар ибтидои моҳи феврали соли 2024 ӯ қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва ҳаққи ширкат дар Чемпионати Осиёро дар ин сол ба даст овард.
" Мо, варзишгарони касбӣ, бо орзуи иштирок кардан дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ зиндагӣ мекунем. Ҳадафи ман Олимпиада аст ва ман тамоми кори аз дастам меомадаро мекунам, то ба мусобиқаи асосии сайёра роҳ ёбам. Касе аллакай маро навиштааст, аммо ман ба ҳар ҳол имкон дорам, ки шумо мухлисонро шод кунам"- мегӯяд Виктор Рассадин.
Виктор Сергеевич Рассадин 7-уми ноябри соли 1993 дар шаҳри Среднеколимски Ҷумҳурии Саха (Якутия) таваллуд шудааст. Вақте, ки Виктор 6-сола буд, падараш дар сӯхтор ҷон дод. Модараш ин талафоти талхро таҳаммул карда натавонист ва баъдтар ӯ ҳам аз олам чашм пӯшид. Виктор ва бародарашро модаркалонаш барои тарбия гирифт.
Дар кӯдакӣ Виктор бештар ба риштаи бокс мароқ зоҳир мекард ва ба тамринҳои ин намуди варзиш машғул мешуд. Ӯ бори аввал дар синни 11-солагӣ аз паи бародараш ба толори варзишӣ рафт ва зери роҳнамоии Михаил Захарович Аянитов тамринҳоро аз риштаи гӯштин оғоз кард. Виктор баъди хатми синфи 6-ум бо бародараш ба мактаб-интернати варзишии вилояти Уст-Алдан рафта, дар он ҷо бо Иван Иванович Дмитриев машқ кардан гирифт. Соли 2008 донишҷӯи UOR-и шаҳри Якутск шуд.
Аввалин муваффақияти ҷиддӣ барои Виктор ин медали нуқраи Чемпионати Русия байни ҷавонон дар соли 2008 буд. Худи ҳамон сол Виктор ғолиби Бозиҳои байналмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё» гардид. Баъди ин баромадҳои бомуваффақият ӯро ба омӯзишгоҳи захиравии олимпӣ ба номи Р.М.Дмитриеви шаҳри Якутск даъват карданд.
Соли 2014 дар чемпионати Русия дар Якутск бори аввал худро дар сатҳи калонсолон эълон карда, дар вазни то 57 кг мақоми 3-юмро ишғол кард. Ба тамошобинон услуби гӯштини ҳуҷумкоронаи ӯ хеле маҳқул шуд ва дар бораи ӯ ҳамчун ситораи ояндаи гӯштини Якутск сару садоҳое сархати расонаҳо шуд. Он вақт Виктор бо қаҳрамони дукаратаи олимпӣ оид ба гӯштини юнону румӣ Роман Власов бисёр машқ мекард .
Пас аз ду сол дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия соли 2016 дар вазни ғайриолимпӣ дар вазни то 61 кг мақоми дуюмро касб карда, дар даври ниҳоӣ аз ҳамватанаш Егор Пономарев шикаст хӯрд. Худи ҳамон сол дар чемпионатҳои Русия ва ҷаҳон байни донишҷӯён Виктор ғолиб омад.
Рассидин соли 2017 дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии тиллоӣ бо номи "Иван Ярыгин" медали биринҷӣ ба даст оварда, дар даври ниманиҳоӣ аз барандаи ояндаи ин мусобиқа, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон-2016 Аҳмад Чакаев шикаст хӯрд. Вай соли дуюм аст, ки дар чемпионати Русия дар Назран ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар он ҷо бо Ҳоҷимурод Рашидов аз Доғистон вохӯрд, ки ҳамаи ҳарифонашро пеш аз мӯҳлат то даври ниҳоӣ шикаст дода буд . Дар финал Рассадин бо ҳисоби 3:1 пешсаф буд, лек мутаассифона дар сонияҳои охир 2 имтиёз аз даст дод ва бо ҳисоби 3-3 мағлуб шуд.