Виктор Рассадин роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард

Виктор Рассадин роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард

Виктор Рассадин дар мусобиқаи ҷаҳонии "Интихоби бозиҳои Олимпӣ-2024"дар Туркия роҳхати олимпиро оид ба гӯштини тарзи озод ба даст овард. Виктор Рассадин дар бозии ҳалкунанда дар як бархӯрди хеле пуршиддат ва душвор намояндаи Албания Чермен Валиевро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.

Пеш аз ин Виктор Рассадин бар Вадим Суркан аз Украина бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Ёдовар мешавем,ки Виктор Рассадин зодаи Ёқутистони Русия шаҳрвандии варзишии худро соли гузашта иваз кард ва дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ рақобат хоҳад кард.

Виктор Рассадин аз UWW (Ҷаҳони иттиҳодшудаи қуштӣ) иҷозаи расмӣ гирифт, то дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ҷаҳон ва Олимпиадаи соли 2024 ширкат кунад.

Виктор Рассадин, баён дошта буд, соли 2024 соли муҳимтарин ва олимпӣ аст. “Ман интизори мушкилоти нав ҳастам. Мо дар роҳ ҳастем”, - гуфта ӯ.