Вингери бразилӣ Луис Энрике эҳтимол ба “Интер” гузарад
Дастаи “Интер”-и Италия ба ҳамлагари тими “Марсел”-и Фаронса Луис Энрике таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Дар ин бора Sky Sport Italia хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, бошгоҳи “Марсел” барои ин бозигар 30 миллион евро талаб кардааст. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки муносибатҳои хуби роҳбарияти ин ду бошгоҳ пас аз интиқоли футболбозони "Интер" Валентин Карбони ва Хоакин Корреа ба "Марсел" метавонад дар иҷрои қарордод кӯмак кунад. Ин бозигарон дар “Марсел” ба таври иҷора бозӣ мекунанд.
Барои Луис Энрике дастаи “Бавария” низ довталаб аст. Бозигари бразилӣ аз моҳи сентябри соли 2020 ба тими "Марсел" тааллуқ дорад.
Футболбоз аз тими "Ботафого"-и Бразилия ба ивази 8 миллион евро ба “Марсел”-и Фаронса гузашт. Аз моҳи июли соли 2022 то моҳи декабри соли 2023 Энрике дар тими “Ботафого” ба иҷора бозӣ мекард.