Винисиус оиди овозаҳои гузаришаш ба Арабистони Саудӣ нуқта гузошт

Винисиус оиди овозаҳои гузаришаш ба Арабистони Саудӣ нуқта гузошт

Ҳамлагари дастаи "Реал Мадрид" Винисиус Ҷуниор ба овозаҳо оиди гузариш ба Арабистони Саудӣ ибрози назар намуд.

“Ҳоло ман хеле ором ҳастам, бо “Реал Мадрид” то моҳи июни соли 2027 шартнома дорам ва ман интизор шуда наметавонам, ки он тамдид карда шавад. “Реал” барои ман беҳтарин макон аст. Ман бо одамони беҳтарин бозӣ мекунам. "Ман хеле хушбахтам" – фишурдаи суханони Винисиусро рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст.

Ёдовар мешавем, ки футболбози бразилӣ аз тобистони соли 2018 дар дастаи “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Винисиуси 24-сола дар 300 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо 102 гол ва 76 партофти головар кардааст. Дар ҳайати “Реал” ҳамлагар ду бор ғолиби Лигаи Чемпионҳо ва Суперҷоми УЕФА, се бор қаҳрамони Испания ва 3 бор Суперҷоми Испанияро ба даст овард.

ТВ "Варзиш"