Винисиус ва Бензема пирӯзии “Реал”-ро рақам заданд

Винисиус ва Бензема пирӯзии “Реал”-ро рақам заданд

Яке аз бозиҳои марказии даври панҷуми Ла Лигаи Испания, рақобат байни дастаҳои “Валенсия” ва “Реал Мадрид” дониста мешуд. Ин дидор дар варзишгоҳи “Месталия”-и шаҳри Валенсия доир гардид. Нимаи якуми рақобат дастаҳо бозии баробар нишон доданд. Бо вуҷуди кӯшишу талошҳои зиёд ба футболбозони ҳарду даста имкони кушодани ҳисоб даст надод ва қисми якум бо натиҷаи 0:0 ба поён расид.

Баъди танаффус ва баргаштани дастаҳо ба майдон, футболбозони “Валенсия” бозиро ба даст гирифта, дар назди дарвозаи Куртуа ҳолатҳои хавфнокро ба вуҷуд меоваранд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 66-уми вохӯрӣ нимҳимоятгари “Валенсия” – Уго Дуро бо як зарбаи ҳадафраси худ тӯри дарвозаи меҳмононро шикофт ва дастаашро дар ҳисоб пештоз кард. Баъди ин гол шогирдони Карло Анчелотти ба хашм омада, ҷониби дарвозаи мизбонон ҳамлаҳои зиёд созмон медоданд. Билохира дар дақиқаи 86-ум ҳамлагари ҷавони “Реал” – Винисиус Жуниор аз паси Карим Бензема истифода бурда, ба голи “Валенсия” ҷавоб гардонд. Ду дақиқа пас аз голи якум, Винисиус қарзи худро ба Бензема баргардонд. Жуниор дар дохили ҷаримагоҳи рақиб як ҳолати хубро барои Бензема фароҳам овард ва Карим бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвозаи “Валенсия” кард. Дар идома дигар мухлисон шоҳиди гол нагардиданд ва ҳамин тавр, рақобат байни дастаҳои “Валенсия” ва “Реал” бо ҳисоби 1:2 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. Баъди ин пирӯзӣ “гаразмониҳо” шумораи имтиёзҳои худро ба 13 расонида, мавқеи худро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкам карданд. Дастаи “Валегсия” бо доштани 10 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир аст.