Виртс дастоварди Мессиро дар Лигаи Чемпионҳо такрор кард

Виртс дастоварди Мессиро дар Лигаи Чемпионҳо такрор кард

Нимҳимоятгари ҳуҷумкори дастаи «Байер»-и Леверкузен - Флориан Виртс дар бозии даври 5-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ дар Лигаи Чемпионҳо бо «Залтсбург» (5:0) дубл кард.

Нимҳимоятгари 21-сола голҳои 16-ум ва 17-уми худро дар ин мусобиқот зад ва аз рӯи шумораи бештари голҳо то синни 22-солагӣ бо Лионел Месси баробар шуд. Дар раддабандии ин синну сол танҳо Эрлинг Ҳоланд бо 23 гол, Килиан Мбаппе бо 21 гол ва Роналду бо 20 гол аз Виртс пештаранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло пас аз панҷ даври бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дастаи "Байер" бо 10 имтиёз дар зинаи 5-ум аст. "Интер"-и шаҳри Милан бо 13 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.