Виталий Левченко: “Ҳадафи мо расидан ба финал ва пирӯзӣ дар мусобиқа аст”
Сармураббии «Истиқлол» Виталий Левченко интизориҳои худро аз бозии дарпешистодаи Лигаи даъвати КФО дар мавсими 2026/27 баён карда, рақибони дастаро дар гурӯҳ арзёбӣ намуд, дар бораи омодагии футболбозон нақл кард ва ба мухлисон муроҷиат намуд.
— Интизориҳои шумо аз бозии дарпешистода чӣ гунаанд?
— Пеш аз ҳама, рӯзи ҳама ба хайр! Иштирок дар Ҷоми даъвати КФО ҳам барои мухлисон ва ҳам барои футболбозон як ҷашни ҳақиқист. Мо ба бозии дарпешистода ба таври ҷиддӣ омодагӣ мебинем.
Мо рақибро таҳлил кардем. Ин дастаи ботаҷрибаест, ки футболбозони соҳибмаҳорат дорад, бахусус дар хатти ҳамла.
Аз ин рӯ, мо ба бозӣ бо масъулияти баланд омода мешавем ва мехоҳем бо нишон додани бозии хуб ва ба даст овардани натиҷаи мусбат мухлисон ва роҳбарияти клубро шод гардонем.
— Дар ин мусобиқа дар назди клуб чӣ ҳадафи мушаххас гузошта шудааст?
— Даста стратегияи худро дорад ва дар назди он вазифаҳои муайян гузошта шудаанд. Табиист, ки мо мехоҳем ба финал бароем ва дар ин мусобиқа пирӯз шавем.
Аммо ҳоло тамоми фикру таваҷҷуҳи мо ба бозии имрӯза равона шудааст, ки дар он бояд барои пирӯзӣ мубориза барем. Тавре мегӯянд, қадам ба қадам.
Барои мо муҳим аст, ки мусобиқаро бо натиҷаи хуб оғоз кунем, то дар идома ҳаракат ба сӯи ҳадафи гузошташуда осонтар шавад. Аз ин рӯ, ҳоло тамоми диққати мо ба бозии дарпешистода равона шудааст.
— Шумо рақибони гурӯҳро таҳлил кардаед. Ба назари шумо, кадоме аз онҳо душвортар хоҳад буд?
— Дар гурӯҳи мо чор даста, аз ҷумла «Истиқлол», ҳузур доранд. Ҳамаи онҳо ба қадри кофӣ қавӣ ҳастанд ва ман чунин мешуморам, ки ба мо яке аз гурӯҳҳои рақобатпазиртарин рост омадааст.
«Наҷмеҳ» дастаи соҳибмаҳорат аст. Ҳаминро дар бораи дигар иштирокчиёни гурӯҳ низ гуфтан мумкин аст, ки дар чемпионатҳои кишварҳои худ мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунанд.
Рақиби мо то вохӯрӣ бо мо ду бозӣ анҷом дод — рӯзҳои 17 ва 19. Дар бозии аввал бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд ва дар дуюм бо натиҷаи 3:3 мусовӣ кард. Ҳамзамон, дар ҳайати даста ивазкунии футболбозон низ сурат гирифтааст.
Мо рақибро бодиққат пайгирӣ кардем ва ба ӯ эҳтироми зиёд дорем. Ҳар чор дастаи гурӯҳи мо ба ҳамдигар баробаранд ва барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдӣ мубориза хоҳанд бурд.
— Моҳи сентябр барои бозиҳои тими миллӣ танаффус буд ва футболбозони мунтахаб тақрибан 20 рӯз дар ихтиёри «Истиқлол» набуданд. Ин ба омодагии даста чӣ таъсир расонд? Оё футболбозони дигар тавонистанд омодагии ҷисмонии худро нигоҳ доранд?
— Бале, воқеан танаффус буд. Мо бо футболбозоне, ки дар клуб монданд, раванди пурраи тамринро идома додем. Ҳамчунин, бозигарони ҳайати дуюмро ҷалб карда, бозиҳои дохилидаставӣ баргузор намудем.
Футболбозон таҷрибаи зарурии бозӣ ба даст оварданд ва дар тамринҳо бо сифати хуб кор карданд.
Бозигароне, ки аз ҳайати тими миллӣ баргаштанд, дар ҳолати гуногуни ҷисмонӣ қарор доштанд: баъзеҳо таҷрибаи бештари бозӣ гирифтанд, баъзеи дигар камтар.
Тавре маълум аст, дар тими миллӣ раванди тамрин асосан ба бозиҳо ва барқароршавии неруи футболбозон равона мешавад. Аз ин рӯ, одатан сарбории зиёди ҷисмонӣ дода намешавад.
Футболбозони мунтахаб рӯзи 9-ум ба маҳалли ҷойгиршавии клуб баргаштанд. Пас аз ин мо дар тамринҳо корҳои заруриро анҷом додем ва кӯшиш кардем, ки даста аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ ба сатҳи ягонаи омодагӣ расад.
Бозигарон хуб дарк мекунанд, ки ин мусобиқа то чӣ андоза муҳим аст. Мо дар майдони худ бозӣ мекунем ва мухлисон ва наздикони футболбозон моро дастгирӣ хоҳанд кард. Дар назди мо вазифаҳои ҷиддӣ истодаанд, ки муҳимтарини онҳо баромадан аз гурӯҳ аст.
Аз ин рӯ, ҳар як футболбоз бояд масъулияти худро дарк кунад ва дар майдон бо тамоми қувва бозӣ намояд.
Бо вуҷуди ин, ҳолати омодагии ҷисмонии бозигарон ҳанӯз ҳам фарқ мекунад. Умедворем, ки дар бозиҳои дарпешистода даста имкониятҳои беҳтарини худро нишон медиҳад ва аз ҷиҳати омодагии ҷисмонӣ мушкиле нахоҳем дошт.
— Пеш аз оғози мусобиқа ба мухлисон чӣ гуфтан мехоҳед?
— Мо ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ даъват мекунем ва аз онҳо хоҳиш менамоем, ки дастаи моро дастгирӣ кунанд! Мухлисон барои мо нерӯи иловагӣ ва бозигари дувоздаҳум мебошанд. Онҳо ба даста неру мебахшанд ва моро ба пеш ҳидоят мекунанд.
Футбол бе мухлисон футбол нест. Мо барои шумо бозӣ мекунем ва кӯшиш хоҳем кард, ки дар ҳар вохӯрӣ пирӯз шуда, бо бозии зебо шуморо шод гардонем ва табъи болида бахшем. Ҳамаатонро дар варзишгоҳ интизорем!
Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи «В» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо бошгоҳи «Наҷмеҳ»-и Лубнон вомехӯрад. Оғози бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.