Виталий Левченко пас аз анҷоми шартномаи корӣ “Нефтчӣ”-ро тарк намуд

Виталий Левченко  пас аз анҷоми шартномаи корӣ “Нефтчӣ”-ро тарк намуд

Мутахассиси тоҷик Виталий Левченко пас аз ба анҷом расидани шартномаи ҳамкорӣ тарки “Нефтчӣ”-и Фарғонаи Ӯзбекистон кард. Дар ин бора расман дафтари матбуотии тими “Нефтчӣ” хабар дод.

Зери роҳнамоии мутахассиси тоҷик ва собиқ сармураббии “Истиқлол” - Виталий Левченко дастаи “Нефтчӣ” дар мавсими имсолаи Суперлигаи Ӯзбекистон ба қаҳрамонӣ расид ва роҳхат ба мусобиқаи Лигаи Чемпионҳои Элитаи Осиёро барои мавсими оянда ба даст овард.

Дастаи “Нефтчӣ”-и Фарғона дар мавсими ҷорӣ дар Суперлигаи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Виталий Левченко ва мураббигии Анвар Норқулов ва Фаррух Бердиев пас аз 24 сол дубора ба унвони қаҳрамонӣ ноил гардид.

“Нефтчӣ” мавсими имсолаи Суперлигаи Ӯзбекистонро бо касби 64 имтиёз дар зинаи авввал ба анҷом расонид. “Пахтакор” бо 60 имтиёз дар зинаи дуюм ва “Насаф” бо 59 имтиёз дар зинаи сеюм маскан гирифтанд.

Ҳамин тавр, Виталий Левченко беҳтарин мураббии Суперлигаи Ӯзбекистон дар мавсими-2025 эътироф гардид. Бори дуюм мешавад, ки мутахассиси тоҷик ҷоизаи беҳтарин мураббии мавсимро дар Ӯзбекистон ба даст меорад.

Ёдовар мешавем, ки Ислом Исмоилов сармураббии нави “Нефтчӣ” интихоб гардид. Исмоилов сармураббии тими мунтахаби то 17 солаи Ӯзбекистон буда, дар соли 2025 дастаро қаҳрамони Осиё кард ва ба Ҷоми ҷаҳон баровард. Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни дастаҳои то 17 сола Ӯзбекистон то марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфта, аз тими Италия бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб шуда буд.