Виталий Левченко – сармураббии “Истиқлол”
Дастаи футболи «Истиқлол» аз таъини Виталий Григоревич Левченко ба мансаби сармураббии даста хабар медиҳад. Виталий Левченко қаблан низ роҳбарии тими «Истиқлол»-ро ба уҳда дошта, дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ бо даста муваффақиятҳои назаррасро ба даст оварда буд.
Таҳти роҳбарии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, кишварро дар Лигаи чемпионҳои КФО бомуваффақият ва арзанда намояндагӣ карда буд. Левченко се мавсими охир дар тими «Нефтчӣ»-и Фарғона фаъолият дошт ва дастаро дар соли 2025 ба унвони чемпиони Ӯзбекистон расонид.
Шартнома бо Виталий Григоревич то анҷоми мавсими-2026 ба имзо расонида шуд.
“Роҳбарияти дастаи «Истиқлол» ба Виталий Левченко барори кор ва пирӯзиҳои навро дар якҷоягӣ бо даста таманно менамояд!”-омадааст, дар изҳороти бошгоҳи шаҳри Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мақом Виталий Левченко - Игор Черевченкоро иваз намуд.