Визаи Новак Ҷокович дигарбора бекор карда шуд

Визаи Новак Ҷокович дигарбора бекор карда шуд

Вазир оид ба корҳои муҳоҷирати Австралия Алекс Хоук такроран визаи теннисбози сербӣ, ракеткаи якуми ҷаҳон Новак  Ҷоковичро бекор кард. Дар ин бора имрӯз, санаи 14-уми январ нашрияи The Age иттилоъ медиҳад.

Тибқи қарори сардори вазорат виза дигарбора бекор карда шуд ва варзишгарро зарур меояд, ки Австралияро дар мудатҳои наздик тарк кунад. Илова бар ин Ҷокович дар давоми се соли баъдӣ ба Австралия ташриф оварда наметавонад.




Бори нахуст ҳукумати Австралия визаи вуруди Ҷоковичро ҳанӯз санаи  5-уми январ аз барои иштибоҳ дар тартибдиҳии иҷозатномаи вуруд бекор карда буданд. Варзишгари сербӣ он вақт баҳри иштирок дар сабқатҳои  “Тосулоҳи бузург”-и Australian Open омада буд. Маҳз ҳамон вақт сарвазири Австралия Скотт Моррисон ишора намуда буд, ки дар кишвар қоидаҳои баробар ва муҳокиманашаванда баҳри вуруд вуҷуд доранд.


Чӣ гунае, ки сомонаи «Спорт-Экспресс»  хабар дода буд, сербии 34-сола кӯшиш ба харҷ дода буд, ки  ба кишвари Австралия бидуни воягирӣ аз коронавирус дохил шавад. Хадамоти сарҳадӣ чунин пешниҳоди иҷозатномаро басанда ҳисоб накарда буд.

Баъд ин қазия Ҷокович чанд рӯз дар боздоштгоҳи муҳоҷиратии шаҳри Мелбурн баъди бекор шудани визааш нигоҳ дошта шуда буд. Варзишгарро ахиран санаи 10-уми январ тибқи қарори суд, ки бекоркунии визаашро беасос дониста буд, озод карданд.  

Худи теннисбоз санаи 12-уми январ изҳор намуда буд, ки иштибоҳи ҷойдошта дар тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо аз омили инсонӣ бархоста буд. Аз рӯи сухани ӯ аломати «не»   ба посухи савол оиди рафтанаш ба кишварҳои дигар дар давоми   14 рӯз то омадан ба  Австралия нодуруст монда шуда буд.

Бо вуҷуди ин пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва гумроҳкунанда дар шакли расмӣ дар Австралия қоидавайронкуние дониста мешавад, ки тибқи он ҷазои ҳаддаи аққал дар шакли 12 моҳи маҳрумкунӣ аз озодӣ ва ҷарима дар ҳаҷми то  6,6 ҳазор доллари австралиявӣ ($4730) муқаррар шуда, ҳамчунин ба бекоркунии визаи вуруд мерасонад.