Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо шиноварони Тоҷикистон дар арафаи Бозиҳои Осиёӣ-2026

Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо шиноварони Тоҷикистон дар арафаи Бозиҳои Осиёӣ-2026

15 сентябр дар доираи омодагӣ ба иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои XX Осиёии Айчӣ ва Нагоя дар соли 2026 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо варзишгарони тими мунтахаби кишвар оид ба шиноварӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои дарпешистода, сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва равонии онҳо, инчунин муҳимияти иштироки шоиста дар яке аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии қитъаи Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Варзишгарони тоҷик дар навъи шиноварӣ дар Бозиҳои Осиёӣ- 2026 Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, талош хоҳанд кард, ки бо натиҷаҳои арзанда дар мусобиқаҳо баромад намоянд.

Қобили зикр аст, ки 12 шиноварӣ тоҷик - Халикова Эмилия, Газиева Софияхон, Гадоев Ардашер, Гадоев Алмос , Қурбанов Каримҷон, Вайисов Амин, Рамзиёрзода Саддам, Мадкамов Фахриддин, Холов Аҳмадҷон, Кузиев Давид, Пилкевич Захар, Рамзиёрзода Саддам дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои Осиёӣ -2026 яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои варзишии сол ба ҳисоб рафта, дар он беҳтарин варзишгарони кишварҳои қитъаи Осиё барои ба даст овардани медалҳо ва натиҷаҳои баланд рақобат мекунанд.