Волейболбози 13-солаи Қатар дар Бозиҳои Осиё рекорд гузошт
Волейболбози 13-солаи мунтахаби Қатар Муборак Муса Тиик Мадут дар Бозиҳои Осиё-2026 аз худ рекорди нав гузошт.
Дар бозии даври сеюм муқобили мунтахаби Ҳиндустон Мадут 40 хол ба даст овард. Ин натиҷа беҳтарин нишондиҳандаи як бозигар дар як бозӣ дар таърихи мусобиқаи волейболии Бозиҳои Осиё ба ҳисоб меравад.
Мадут, ки қадаш аллакай аз 210 сантиметр гузаштааст, дар вохӯрӣ бо Ҳиндустон тақрибан 60 дарсади ҳамлаҳои худро бомуваффақият анҷом дод.
Дар даври чорякниҳоӣ мунтахаби Қатар бо тими Ҷопон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ имрӯз, 1 октябр баргузор мешавад.
Мусобиқаи волейбол дар Бозиҳои тобистонаи Осиё-2026 аз 19 сентябр то 4 октябр дар шаҳри Нагояи Ҷопон баргузор мешавад. Мусобиқаи мардон бошад, аз 27 сентябр то 3 октябр идома мекунад.