Волейболбозони тоҷик бо бохт Бозиҳои Осиёиро дар Ҳангжоу оғоз карданд
Имрӯз дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ аз риштаи волейболи соҳилӣ дар 19-умин Бозиҳои Осиёи дар Ҳангжоу дастаи Тоҷикистон бо дастаи Чин андари майдони рақобат гардиданд.
Аз ҳайати дастаи Чин – Ванг Фан бо Донг Ҷи ва аз ҳайати Тоҷикистон - Замира Бадалбекова бо Аниса Хуршедодова бозӣ карданд. Бозии дастаҳо ду сет идома карда, бо ҳисоби 21:9 ва 21:7 ба суди волейболбозони тими Чин анҷом ёфт.
Дар бозии баъдӣ дастпарварони Рустам Бозорбоев бо тими Индонезия бозӣ мекунанд.
19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин аз 19 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 40 намуди варзиш (61 равияи варзишӣ) ворид карда шудааст.
Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 110 варзишгар аз рӯи 19 равияи варзишӣ дар бозиҳо ширкат мекунад.