Ворисони Дрогба бозиҳои қоравиро бо пирӯзӣ оғоз намуданд

Ворисони Дрогба бозиҳои қоравиро бо пирӯзӣ оғоз намуданд

Мунтахаби Кот-д'Ивуар (ба қавли дигар Соҳили Оҷ) дар доираи бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Африқо яккачини футболӣ аз Гвинеяи Экваториалиро (1:0) шикаст дод.

Голи ягонаи ин дидор дар дақиқаи панҷум аз ҷониби нимҳимоягари бошгоҳи “Сивасспор”-и туркӣ Макс Градел зада шуд. Милллипӯшони Кот-д'Ивуар бо ҳамин касби се хол намуда, садрнишини гурӯҳи Е шуданд. Гвинеягиҳо бошанд бидуни ягон хол дар мавқеи ахири ҷадваланд.

Зинаҳои дуюм ва сеюми ин гурӯҳро мунтахабҳои Алҷазоир ва Сйерра-Леоне бо як холӣ байни ҳам қисмат мекунанд.

Ҷоми миллатҳои Африқо. Гурӯҳи Е

Гвинеяи Экваториалӣ 0 : 1 Кот-д'Ивуар

Голҳо: Градел, 5 (0:1)

Гвинеяи Экваториалӣ

Сапунга, Нсуэ, Ндонг, Акапо (Месегер, 89), Коко, Ороско, Мачин, Ганет, Буйла, Салвадор (Сиафа, 83), Ганза (Луис Нлаво, 64)

Кот-д`Ивуар

Сангаре, Конан, Дели, Байи, Сери, Кессйе (Дйе, 71), Майга, Сангаре, Корне (Заа, 71), Градел (Пепе, 71), Алле (Куаме, 82)

Муҷозотҳо: Луис Нлаво 67 - Сангаре 31