Як қадам то марҳилаи баъдӣ ва ё дарде, ки роҳи шифои онро пайдо накардем

Як қадам то марҳилаи баъдӣ ва ё дарде, ки роҳи шифои онро пайдо накардем

Мо ба футболбозони бошгоҳи «Истиқлол» ҳазорҳо маротиб аҳсану офарин мехонем, зеро дар аввалин иштирок дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё  дурахшиши хубу таърихие карданд ва авроқи наверо дар таърихи футболи меҳан саҳифагардон намуданд!

•Ба футболи мо чӣ намерасад...?

Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон футболи кишвар хеле ҳам рушду нумӯъ кард ва ин боиси ифтихори мо мебошад. Агар Шумо ба бисёр бозиҳои футболбозонамон  чӣ дастаи «Истиқлол» ва чӣ тими миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дошта бошеду пайгирӣ мекунад ба Шумо айён мегардад, ки як дард ё камбудие дар футболбозони мо дида мешавад, ки ҳеҷ роҳи шифо ва беҳбудиро наёфт. Ду маротиба ба финали Ҷоми КФО баромадани дастаи «Истиқлол»-ро ба ёд меорем, ки чӣ гуна футболбозони мо 60-70 дақиқа хуб майдондорӣ мекунанд, ҳолатҳои хавфнокро дар назди дарвозаи рақиб ба миён меоранд ва аз онҳо истифода бурда наметавонанд ва дар анҷоми бозӣ ё аниқтараш дар даҳаи охири бозӣ худро гум мекунанду дучори шикасти аламовар мешаванд. Боз ман чандин бозиҳоро мисол оварда метавонам, ки мо бо чунин натиҷа дар фарҷом шикаст хӯрдаем....Лек мо мудом дастгир ва бо футболбозони хеш ифтихор мекунем, ки футболи моро давоми солҳои охир ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд!!!

•Ба бозии «Истиқлол»  муқобили «Персполис»  чӣ намерасид...?

Аҳсан ба шогирдони Виталий Левченко, ки дар ин мусобиқаи бонуфузӣ қораи Осиё хуб бозӣ карда, бори дигар исбот карданд, ки футболи тоҷик чӣ қудрату чӣ тавон дорад. Мо мисоли онро дар бозиҳои гурӯҳии ин мусобиқа оварда метавонам, ки чӣ гуна «Истиқлол» дастаҳоеро ба монанди «Ал-Ҳилол» ва дигар дастаҳои абарқудратро  ба зону шинонд. Имрӯз ҳам бачаҳои мо муқобили тими рақами яки Эрон хуб майдондорӣ карданд, аммо ҳамин дарде, ки дар боло зикр кардем, пас аз ба таври иҷборӣ аз майдон гирифта шудани Аҳтам Назаров ба даста рух доду чанд лаҳза мондан аз хона дар назди мухлисон аз як рӯйдоди таърихи бенасиб монданд. Ҳарчанд ҳолатҳое буданд, ки мо ба осонӣ метавонистем дар ҷараёни бозӣ пешгом шавем! Чизи асосӣ набудани Рустам Ятимов дарвозабони умедбахш ва бомаҳорати тими миллии Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол» дар ҳайати даста,  дар пайти дуюми бозӣ баръало мушоҳида мешуд. Агар ӯ осеб намедошт, шояд «Истиқлол» ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ ҳоло маскан мегирифт....

•Дастгирии мухлисон тасаввур нокарданӣ аст....

Бале, ҳаводорони футболи меҳан рӯз то рӯз зиёд шуда, дастгирии эшон низ дар сатҳи олӣ аст!  Имрӯз низ Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе пур-пури мухлис буд ва қариб 95% (17 200 нафар )  - нишастгоҳҳоро банд карда буданд ва бо як садо дастаи «Истиқлол»-ро  мухлисӣ мекарданд.  Мо ҳама вақт бо дастаи «Истиқлол» мефахрему сарфарозем ва умедворам, ки дар мусобиқаҳои баъдӣ боз ҳам аз дурахшиши хеш дарак хоҳанд дод!!!!.