Як қадами дигар монда буд то Тоҷикистон ба даври нимниҳоии ҶО оид ба футзал барояд, лек...

Як қадами дигар монда буд то Тоҷикистон ба даври нимниҳоии ҶО оид ба футзал барояд, лек...

Дар бозии сеюми  марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал 2022 дар кишвари Қувайт мунтахабҳои Тайланд ва  Тоҷикистон  андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо  дар маҷмааи варзишии “Саъд ал Абдулло” доир шуда, бо натиҷаи 3 бар 2 ба суди футзалбозони мунтахаби Тайланд  хотима ёфт.

Аҳсан ба футзалбозони мунтахаби Тоҷикистон, ки тавонистанд то марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал дар Кувайт бо як иродаи қавӣ, бо як матонати хосса ва бо як боварӣ бозӣ кунанд. Бохт аз мунтахаби Тайланд, ки аз дастаҳои беҳтарини Осиё маҳсуб мешавад, ин барои мо пирӯзӣ аст.

Танҳо чанд сония имкон надод то футзалбозони мунтахаби Тоҷикистон ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбанд.Футзалбозони тоҷик  дар қисми аввал бо ҳисоби 0:1 шикаст мехӯрданд. Вале дар қисми дуюми бозӣ онҳо на танҳо натиҷаро баробар карданд, балки ба пеш ҳам баромаданд - 2:1. Дар лаҳзаҳои охир футзалбозони Тайланд боз пешсафиро соҳиб шуданд. 30 сония қабл аз садои ҳуштаки ниҳоӣ тайландиҳо голи  пирӯзиоварро ба самар расониданд.

Дар ин бозӣ Иқбол Воситзода ва Идрис Ёров аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон гол заданд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 шогирдони Пайрав Воҳидов бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрда буданд.

Мо ба мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозии шоиста дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт миннатдорӣ баён мекунем!

Ҳамин тавр, Тайланд ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт ва бо мунтахаби Эрон рӯзи 6-уми октябр бозӣ мекунад!

Ҷоми Осиё оид ба футзал 2022

Марҳилаи чаҳорякниҳоӣ 

Тайланд 3:2 Тоҷикистон

Голҳои Тоҷикистон: Иқбол Воситзода, Идрис Ёров.

4-уми октябр, Кувайт, маҷмааи варзишии "Саъд ал Абдулло"