Як қадами дигари Давлат Болтаев барои медали Олимпӣ боқӣ мондааст
Муштзани соҳибноми тоҷик Давлат Болтаев дар рӯзи дуюми Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса аввалин рақобатро доир кард.
Болтаев бо қарори ҷудои доварон (3:2) аввалин ғолибияташро дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 муқобили Георгий Кушиташвилии гурҷӣ ба даст овард ва ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Ҳамакнун, рӯзи 2-юми август Давлат Болтаев бо муштзани ирландӣ Ҷек Марлӣ қувваозмоӣ мекунад. Дар сурати пирӯзӣ Давлат ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ меёбад ва аллакай нишони биринҷиии Бозиҳои олимпиро дар ихтиёр хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки Давлат Болтаев моҳи октябри соли 2023 дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу ба гирифтани нишони тилло ноил гардида, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж-2024-ро соҳиб шуда буд.