Як футболбоз аз бемории COVID-19 даргузашт

Як футболбоз аз бемории COVID-19 даргузашт

Роман Гузман, футболбози тими мунтахаби Боливия бинобар сабаби бемории коронавирус - COVID-19 аз дунё даргузашт. Дар ин бора Федератсияи футболи ин кишвар иттилоъ медиҳад. Ин футболбоз ҳамчунин дар дастаи "Деребейт Франс"-и Боливия низ ҳунарнамоӣ мекард. Қаблан бошгоҳи футболи "Рома"-и Италия хостори ин футболбоз буд. Ёдовар мешавем, ки бемории коронавирус моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин хуруҷ карда буд.