Як миллион евро низ ба Обамеянг кӯмак накард

Як миллион евро низ ба  Обамеянг кӯмак накард

Сармураббии мунтахаби Габон - Патрис Невё гуфт, ки «Арсенал» дигар ба ҳамлагари худ Пйер-Эмерик Обамеянг барои иштирок дар бозиҳои мунтахаб иҷозат намедиҳад. Невё тахмин кард, ки «Арсенал» оиди ҳодисае, ки бо футболбозони габонӣ дар фурудгоҳи Гамбия рух дод, чӣ ҷавоб медиҳад.

Ҳамлагари «Арсенал» дар саҳифаҳои иҷтимоии худ якчанд аксро партофт, ки дар он ӯ ва дигар ҳамдастаҳояш пас аз омадан ба Гамбия дар фарши фурудгоҳи онҷо хоб мекарданд. Тибқи маълумоти нашрияҳо, ин ҳодиса аз сабаби тафтиши коронавирус рух дод.

«Арсенал ба Обамеянг занг зад ва ӯро дар чунин шароит дид… Ин анҷоми кор аст. Ӯро дигар барои иштирок кардан дар бозиҳои мунтахаб роҳ намедиҳанд. Бо футболбозони дигар дастаҳо низ чунин рух медиҳад», — гуфт сармураббии мунтахаби Габон.

«Онҳо футболбозони дараҷаи олӣ мебошанд ва вақте онҳо ба мунтахаб меоянд, бояд барояшон ҳамаи шароитҳо фароҳам бошанд. Ҳамаи футболбозон дар фарши фурудгоҳ хоб карданд. Тасаввур кунед, агар Обамеянг, ки дар як моҳ зиёда аз 1 миллион евро маош мегирад, ҷароҳат мебардошт, пас чӣ рух медод. «Арсенал» ҳуқуқ дорад, ки норозигии худро баён кунад», — илова кард Невё.

Худи Обамеянг бошад, пас аз ин ҳодиса дар твиттери худ чунин навишт:

«Чунин ҳолатҳоро дилгармии моро нисбати футбол кам мекунад ва одамон, хусусан СAF бояд масъулиятро хуб ҳис кунад. Ҳозир соли 2020 аст ва мо мехоҳем, ки Африқо пешравӣ кунад. Бо чунин ҳол мо ягон дастовард ба даст намеорем».