Яке аз серҷоизатарин мураббиҳо дар таърихи футбол дар синни 80-солагӣ даргузашт
Собиқ сармураббии бошгоҳҳои “Зенит”, “Шахтёр”-и Донетск ва “Интер” - Мирча Луческу дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора шабакаи телевизионии Antena 3 CNN бо истинод ба беморхонаи донишгоҳии шаҳри Бухарест хабар додааст.
Луческу дар охири моҳи март пас аз ҳуш рафтан дар тамрини тими миллии Руминия бистарӣ шуд. Рӯзи 2-юми апрел ӯ аз вазифаи сармураббии мунтахаби кишвар истеъфо дод. Баъдан мураббӣ сактаи шадиди дилро аз сар гузаронд ва бинобар бад шудани вазъи саломатӣ ба комаи сунъӣ ворид карда шуд. Сабаби маргаш сактаи сершумори дил пас аз шикасти Руминия бо ҳисоби 1-0 аз Туркия дар плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 буд.
Дар давоми фаъолияти худ Луческу дастаҳои зиёдеро роҳбарӣ кардааст, аз ҷумла “Пиза”, “Брешиа”, “Реҷана”, “Галатасарай”, “Бешикташ”, “Динамо”-и Киев ва дигар бошгоҳҳои маъруф. Дар сатҳи мунтахабҳо бошад, бо дастаҳои миллии Руминия ва Туркия кор кардааст.
Яке аз дастовардҳои бузурги ӯ пирӯзӣ бо “Шахтёр” дар Ҷоми УЕФА дар мавсими 2008/2009 мебошад. Ҳамчунин, таҳти роҳбарии ӯ “Зенит” соҳиби Суперҷоми Русия гардида буд.
Луческу яке аз мураббиёни серҷоиза дар таърихи футбол буд, ки 35 ҷоиза ба даст овард ва танҳо пас аз Хосеп Гвардиола ва Алекс Фергюсон дуюм шуд. Ӯ куҳансолтарин мураббии дастаи миллӣ буд.
Даргузашти Мирча Луческу талафоти бузург барои ҷаҳони футбол маҳсуб мешавад.